Бозёфти хазинаи қадима дар маркази шаҳри Тошканд

Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Муҳаммадбобур Юсупов ба дарёфти хазина аз бинои кӯҳна воқеъ дар маркази шаҳри Тошканд дастёб шуд, менависад УзА. Муҳамммадбобур Юсупов – ҷустори мустақил, корманди илмӣ тули 3 сол дар ҷустуҷӯи ин хазина будааст. Гуфта мешавад, хазина аз як қатор бозёфтҳои нодир иборат аст, ки аҳамияти таърихию фарҳангӣ доранд. Миёни онҳо асарҳои бо […]

Тарҷумаи коромӯз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Муҳаммадбобур Юсупов ба дарёфти хазина аз бинои кӯҳна воқеъ дар маркази шаҳри Тошканд дастёб шуд, менависад УзА.

Муҳамммадбобур Юсупов – ҷустори мустақил, корманди илмӣ тули 3 сол дар ҷустуҷӯи ин хазина будааст.

Гуфта мешавад, хазина аз як қатор бозёфтҳои нодир иборат аст, ки аҳамияти таърихию фарҳангӣ доранд. Миёни онҳо асарҳои бо забони қадимаи туркӣ, олмонӣ, арабӣ, фаронсавӣ, лотинӣ ва англисӣ эҷодшуда, инчунин ҳуҷҷатҳои таърихӣ, харитаҳо, дастхатҳои динӣ , иконаҳо, қисмате аз заррабин, 71 тангаи тилло, нуқра ва биринҷӣ ҷой доранд.

Бино ба маълумоти хабаргузории агентии “УзА”, гурӯҳе аз сокинони таҳҷоӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз дарёфти ин ганҷ хабар ёфтаанд, ба Муҳаммадаброр фоидаи калони молӣ ва имконияти бехатар аз гумрук гузаронидани бозёфтҳоро бо ваъдаи фароҳам овардани таҳсил дар хориҷа, додани шаҳрвандӣ ва ҳамин тариқ зиндагии хуррамона пешниҳод намудаанд.

Аз ҷумла, барои китоби аз тиллои холис муқовашуда хориҷиён ба Муҳаммадаброр $600 ҳазор доллар пешниҳод намудаанд. Аммо Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон ин амалро пешгирӣ намуда, дар натиҷа Юсупов бозёфтҳои аҳамияти таърихидоштаро ба Осорхонаи Давлатии таърихи Ӯзбекистон супурдааст. Маросими супоридани хазина ҳамчунин дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти амнияти миллӣ ташкил карда шудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=mrnslCQzGkE

Дар назар аст, ки ин бозёфтҳои нодир дар сафи нигораҳои Осорхонаи давлатии таърихии Ӯзбекистон ҷой гирифта, дар шакли намоишгоҳи ҷудогона ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Мутахассисони ӯзбек айни замон оид ба муайян кардани арзиши таърихӣ ва моддии бозёфтҳо ташхис гузаронида истодаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.