Қазоқистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристод

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев санаи 4 июл дар маросими расмии супоридани кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон иштирок намуд. Тибқи қарори ҳукумати Қазоқистон, бо мақсади расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ, дар маҷмӯъ 83 систерна, оварда шуд. Гуфта мешавад, сертификати бори мазкурро сафири Қазоқистон ба муовини директори Агентии захираҳои моддии […]

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тажибаев санаи 4 июл дар маросими расмии супоридани кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон иштирок намуд.

Тибқи қарори ҳукумати Қазоқистон, бо мақсади расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон 5 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ, дар маҷмӯъ 83 систерна, оварда шуд.

Гуфта мешавад, сертификати бори мазкурро сафири Қазоқистон ба муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супорид.

Зимни суханронии худ сафири Қазоқистон қайд кардааст, ки Қазоқистон ҳамасола ба мардуми бародари Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона мерасонад, ки ҳаҷми умумии он аз соли 2006 инҷониб зиёда аз 37 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд.

Ёдрас мекунем, ки мощи декабри соли гузашта бо қарори ҳукумати Қазоқистон, бо мақсади расонидани  кумаки башардӯстона, барои ба Тоҷикистон овардани 5000 (панҷ ҳазор) тонна мазути сӯзишворӣ, ҳамагӣ 83 систерна, 1,5 миллион доллари ИМА ҷудо карда шуд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.