Варзишгари навраси тоҷик қаҳрамони Осиё аз рӯи гуштини юнонӣ-римӣ

Барои ба даст овардани медали тилло ҳарифони худ аз Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро шикаст дод. Гуштигири навраси тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов аз рӯи намуди гуштини юнонӣ-римӣ дар вазни 55 килограм қаҳрамони Осиё гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи милли олимпӣ. Чемпионати Осиё аз рӯи намуди гуштини юнони-римӣ миёни наврасон дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нур-Султон идома дорад. […]

Тарҷумаи коромӯз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Барои ба даст овардани медали тилло ҳарифони худ аз Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро шикаст дод.

Гуштигири навраси тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов аз рӯи намуди гуштини юнонӣ-римӣ дар вазни 55 килограм қаҳрамони Осиё гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи милли олимпӣ.

Чемпионати Осиё аз рӯи намуди гуштини юнони-римӣ миёни наврасон дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Нур-Султон идома дорад.

Дар мусобиқаи болозикр 308 варзишгар аз 19 кишвари минтақа қувваозмоӣ мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа, ки то 7 идома меёбад, 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки тирамоҳи пешомад дар Нур-Султон Чемпионати ҷаҳон аз рӯи намудҳои гуштини юнонӣ-римӣ, тарзи озод, ва занона миёни калонсолон дар назар аст. Қаҳрамонии ҷаҳон аз 14 то 22 сентябри соли ҷорӣ мегузарад, ки дар он қисмати зиёди роҳхатҳо ба Токио – 2020 ба бозӣ дароварда мешаванд.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рӯзи аввали чемпионат қувваозмоиҳо аз рӯи 7 вазн сурат гирифт, ки варзишгарони мо дар 4 вазн гуштин гирифтанд. Ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Алимов дар вазни 45кг ва Давлатҷон Худойбердиев дар вазни 48кг сазовори ҷои панҷум шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.