Оғози сохтмони роҳи нави “Дарвозаи ғарбӣ – маҳаллаи Чортут” дар Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистоӣн Сомнат Гош рӯзи 4 июл ба оғози амалисозии лоиҳаи иншооти "Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи "Чортут"-и пойтахт ҳусни оғоз бахшиданд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод, қитъаи роҳи мазкур барои кам кардани шумори зиёди воситаҳои нақлиёт […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистоӣн Сомнат Гош рӯзи 4 июл ба оғози амалисозии лоиҳаи иншооти "Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи "Чортут"-и пойтахт ҳусни оғоз бахшиданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод, қитъаи роҳи мазкур барои кам кардани шумори зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди пойтахт пешбинӣ шудааст.

“Баъди ба истифода додани ин қитъаи роҳ, автомашинаҳое, ки  аз водии Ҳисор ба самти вилояти Хатлон мераванд, дигар тариқи роҳҳои пойтахт ҳаракат намекунанд”, – иброз дошт манбаъ.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаи мазкур сохтмони роҳи автомобилгардро бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии 40 метр иборат аз 8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як адад пул дар болои канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ (развязка), чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, шинонидани дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дарбар мегирад.

Гуфта мешавад, роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи Чортути пойтахт тӯл кашида, бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.