Сарбози фирорӣ ба муҳоҷиратро Русия ба ихтиёри Тоҷикистон супурд

Сарбози қатории яке аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон пас аз рухсатӣ ба ҷойи хизмат барнагашта, муҳоҷират дар Русияро ихтиёр намудааст. Зодаи ноҳияи Мастчоҳ Азизбек Норқӯзиев моҳи ноябри соли 2014 ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ даъват шуда буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе. Сарбоз то санаи 11 феврали соли […]

Asia-Plus

Сарбози қатории яке аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон пас аз рухсатӣ ба ҷойи хизмат барнагашта, муҳоҷират дар Русияро ихтиёр намудааст.

Зодаи ноҳияи Мастчоҳ Азизбек Норқӯзиев моҳи ноябри соли 2014 ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ даъват шуда буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

Сарбоз то санаи 11 феврали соли 2015 хизмат карда, ҳамон рӯз ба ӯ ба муҳлати 7 рӯз рухсатӣ дода мешавад.

Дар суд хабар додаанд, ки комисари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ бо сабабҳои вазъи оилавӣ, муҳлати рухсатии Норқӯзиевро 5 рӯз дароз мекунад, аммо сарбоз ба ҷойи баргаштан ба ҷойи хизмат, ба муҳоҷирати корӣ ба Русия меравад.

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе Норқӯзиевро мавриди ҷустуҷӯ эълон мекунад. Нимаи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ӯро дар шаҳри Березники боздошт ва ба ихтиёри Тоҷикистон месупоранд.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбоз Норқӯзиевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 375 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Фирор) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.