Султони Малайзия аз ҳамсараш – “Мисс Москва” ҷудо шуд

Султони иёлати (штати) Келонтони Майлайзия Муҳаммади V пас аз як соли ҳамзистӣ бо ғолиби озмуни “Мисс Москва-2015” (Маликаи Москва-2015) Оксана Воеводина аз ҳамсараш ҷудо шуд. Тавре New Strait Times хабар медиҳад, ҳуҷҷатҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ рӯзи 22 июн ба суд пешниҳод гардида, санаи 1 июл расмиёти ҷудошавии онҳо анҷом ёфтааст. Ҷузъиёти бекор […]

Султони иёлати (штати) Келонтони Майлайзия Муҳаммади V пас аз як соли ҳамзистӣ бо ғолиби озмуни “Мисс Москва-2015” (Маликаи Москва-2015) Оксана Воеводина аз ҳамсараш ҷудо шуд.

Тавре New Strait Times хабар медиҳад, ҳуҷҷатҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ рӯзи 22 июн ба суд пешниҳод гардида, санаи 1 июл расмиёти ҷудошавии онҳо анҷом ёфтааст. Ҷузъиёти бекор шудани шудани ақди никоҳи онҳо саҳеҳан маълум нест, менависад Медуза.

Маросими ақди никоҳи Муҳаммади V ва Оксана Воеводина моҳи июни соли 2018 баргузор шуда, дар ин бора хабарҳои расмӣ чоп нашуда буданд. Танҳо моҳи ноябр матбуот аз ин огаҳӣ ёфт.

Муҳаммади V соли 2016 ба муҳлати панҷ сол шҳи Малайзия интихоб шуда моҳи январи соли 2019 эълом дошт, ки аз тахт даст мекашад. Ӯ нахустин дар таърихи кишвар шоҳест, ки ба тарки салтанат то анҷоми муҳлати сари тахт нишастан тасмим гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.