Ҳукуматдорон садама дар майдони сохтмони НБО Роғунро рад мекунанд

Date:

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода овозаҳоро дар бораи садама ва харобиҳо дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун рад кард.

“Дар он ҷо ҳеҷ садамае рух надодааст. “Дар банд ё таҳкурсӣ (девори обногузар, асоси сарбанд – эзоҳи “Азия-Плюс”), ки сохта мешавад, полоиш (филтратсия) каме аз меъёр зиёд шуд”, – гуфт ӯ зимни нишасти хабарии рӯзи 19 июн дар Душанбе.

Ҷамшед Аҳмадзода қайд кард, ки барои бартараф кардани мушкилот аз ду тараф сементхобонии банд ҷараён дошта, муяссар шудааст, ки сатҳи поксозӣ коҳиш дода шавад.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии бинокорон айни замон ҳарчи зудтар оғоз намудан ба сохтмони сарбанди асосӣ аст.

“Айни замон барои бунёди сарбанди асосӣ, ки баландиаш бояд 335 метрро ташкил диҳад, корҳои омодагӣ ҷараён доранд”, – илова кард ӯ.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол дар бораи харобиҳо дар майдони сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун, ки гӯё дар натиҷаи роҳ додан ба хатогиҳо дар ҳисобу китоб аз ҷониби ширкати итолиёвии Salini Impregilo, ки ба сохтмони ин иншоот машғул аст,  ба амал омадаанд, овозаҳо ҷой доштанд.

Сохтмони асоси сарбанди баландтарини хокиву гилӣ охири моҳи октябри соли 2016 пас аз бастани маҷрои дарёи Вахш оғоз гардид. Баландии асоси сарбанд наздики 100 метрро ташкил медиҳад.

Сарбанд дар ду марҳила сохта мешавад. Марҳилаи аввал – сохтмони навбати аввал бо баландии 135 метр (то нишондиҳандаи мутлақи 110 метр аз сатҳи баҳр) ва марҳилаи дуюм – давра ба давра бунёди сарбанди асосӣ бо баландии 335 метр.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...