Ҳукуматдорон садама дар майдони сохтмони НБО Роғунро рад мекунанд

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода овозаҳоро дар бораи садама ва харобиҳо дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун рад кард. “Дар он ҷо ҳеҷ садамае рух надодааст. “Дар банд ё таҳкурсӣ (девори обногузар, асоси сарбанд – эзоҳи “Азия-Плюс”), ки сохта мешавад, полоиш (филтратсия) каме аз меъёр зиёд шуд”, – гуфт ӯ зимни нишасти […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода овозаҳоро дар бораи садама ва харобиҳо дар майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун рад кард.

“Дар он ҷо ҳеҷ садамае рух надодааст. “Дар банд ё таҳкурсӣ (девори обногузар, асоси сарбанд – эзоҳи “Азия-Плюс”), ки сохта мешавад, полоиш (филтратсия) каме аз меъёр зиёд шуд”, – гуфт ӯ зимни нишасти хабарии рӯзи 19 июн дар Душанбе.

Ҷамшед Аҳмадзода қайд кард, ки барои бартараф кардани мушкилот аз ду тараф сементхобонии банд ҷараён дошта, муяссар шудааст, ки сатҳи поксозӣ коҳиш дода шавад.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аслии бинокорон айни замон ҳарчи зудтар оғоз намудан ба сохтмони сарбанди асосӣ аст.

“Айни замон барои бунёди сарбанди асосӣ, ки баландиаш бояд 335 метрро ташкил диҳад, корҳои омодагӣ ҷараён доранд”, – илова кард ӯ.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол дар бораи харобиҳо дар майдони сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун, ки гӯё дар натиҷаи роҳ додан ба хатогиҳо дар ҳисобу китоб аз ҷониби ширкати итолиёвии Salini Impregilo, ки ба сохтмони ин иншоот машғул аст,  ба амал омадаанд, овозаҳо ҷой доштанд.

Сохтмони асоси сарбанди баландтарини хокиву гилӣ охири моҳи октябри соли 2016 пас аз бастани маҷрои дарёи Вахш оғоз гардид. Баландии асоси сарбанд наздики 100 метрро ташкил медиҳад.

Сарбанд дар ду марҳила сохта мешавад. Марҳилаи аввал – сохтмони навбати аввал бо баландии 135 метр (то нишондиҳандаи мутлақи 110 метр аз сатҳи баҳр) ва марҳилаи дуюм – давра ба давра бунёди сарбанди асосӣ бо баландии 335 метр.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.