Зиёда аз 693 ҳазор кг маҳсулоти гӯштии ғайристандартӣ дар шаш моҳ

Дар шаш моҳи соли равон аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 693 408 кг маҳсулоти гӯштӣ  ба талаботи истеъмоли ҷавобгӯ набуда, ғайри стандартӣ дониста шудааст, иттилооъ дод Давлатзода Қудрат, директории Агентии “Тоҷикстандарт” дар нишасти хабарии Агентӣ. Ба гуфтаи мазкур, дар озмӯишгоҳи ташхиси маҳсулоти ғизоии Агентӣ ҳамчунин маълум гардид, ки 183 889 кг равғани растанӣ, 8425 литр нӯшокиҳои […]

Asia-Plus

Дар шаш моҳи соли равон аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 693 408 кг маҳсулоти гӯштӣ  ба талаботи истеъмоли ҷавобгӯ набуда, ғайри стандартӣ дониста шудааст, иттилооъ дод Давлатзода Қудрат, директории Агентии “Тоҷикстандарт” дар нишасти хабарии Агентӣ.

Ба гуфтаи мазкур, дар озмӯишгоҳи ташхиси маҳсулоти ғизоии Агентӣ ҳамчунин маълум гардид, ки 183 889 кг равғани растанӣ, 8425 литр нӯшокиҳои спиртӣ ва 7018 литр нӯшокиҳои ташнашикан, 52 954 кг маҳсулотҳои қаннодӣ, 1867 кг маҳсулоти ширӣ, 31 850 кг чой, какао, қаҳва, 7862 дона тухми мурғ ва ва дигар маҳсултҳо, ки қисми зиёдашон маҳсулотҳои воридотӣ ба ҳисоб мераванд. Ғайристандартӣ дониста шудаанд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок ва риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 4543 ҳолат, бап маблағи умумии 1 041 695 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Давлатзода, илова кард, ки гарчанде ин нишондиҳандаҳо нигаронкунанда ба ҳисоб мераванд, аммо онҳо барои поин шудани ин рақамаҳо талош мекунанд.

“Кормандони “Тоҷикстандарт”, аз ҷумла банда шабу рӯз кор мекунем. Барои бехатарӣ ва солимии мардум тамоми чораҳоро андешида мешавад. Аммо  кори масъулини ин ниҳод бе ҳамкорӣ ва иртибот бо ҷомеа натиҷаи хуб намедиҳад. Аз ҷумла рӯзноманигорон ва шаҳрвандон барои ислҳи камбудиҳо бо мо ҳамкории бештар дошта бошанд”, гуфт директори “Тоҷикстандарт”.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.