Тоҷикистон ба маблағи 200 млн. доллар 5 созишномаи нави сармоягузорӣ ба имзо расонид

Нимаи аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон бо сармоягузорон 5 созишнома ба имзо расонид. Боз 3 созишномаи дигар дар ҳоли баррасӣ қарор доранд. Маҷмӯан дар доираи созишномаҳои сармоягузории номбаршуда 7 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва барои амалигардонии онҳо наздики 200 млн. доллар сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нимаи аввали соли равон ҳукумати Тоҷикистон бо сармоягузорон 5 созишнома ба имзо расонид. Боз 3 созишномаи дигар дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.

Маҷмӯан дар доираи созишномаҳои сармоягузории номбаршуда 7 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва барои амалигардонии онҳо наздики 200 млн. доллар сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб карда мешавад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, айни замон, Кумита ҷиҳати амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ корбариро идома дода истодааст, ки дар мавриди мувофиқа ва тасдиқ гардидани онҳо боз 100 млн. доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ дар солҳои минбаъда ҷалб карда хоҳад шуд.

Тибқи маълумоти Кумитаи мазкур, айни замон ба маблағи умумии 31,8 млрд. сомонӣ (3,3 млрд. доллар) 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Аз нисф зиёди маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои амалишаванда бар асоси қарз, 43% – бар асоси кумаки бебозгашт (грант) татбиқ шуда, ҳиссаи саҳмгузории ҳукумати Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳо 4,3%-ро ташкил медиҳад.

Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда то 1 июли соли равон 15,9 млрд. сомонӣ (1,6 млрд. доллар) азхуд карда шудааст, ки ин 49,8 фоизи маблағи умумии онҳоро ташкил медиҳад.

Лоиҳаҳои мавриди амал қарордошта аз ҷониби Бонки осиёгии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Эксимбонки Чин, Бонки исломии рушд ва дигар сармоягузорон маблағгузорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.