Анҷоми тамринҳои муштараки ҳарбии Тоҷикистону Чин дар ВМКБ

Date:

Ҷараёни баргузории тамринҳоро, ки имрӯз дар машқгоҳи “Ҷелондӣ” лар ВМКБ анҷом меёбанд, вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ва мансабдорони воломақом аз Ситоди куллии Артиши халқии озодихоҳи Чин  назорат хоҳанд кард.

Сарбозону афсарони артишҳо дар машқҳо амалҳои муштаракро оид ба рафъи таҳдиду хатарҳои терроризм мавриди омӯзишу амал қарор доданд.

Дар рафти тамринҳо авиатсия, танку артиллерия, ҳамчунин қисмҳои низомии тирандоз сафарбар шуданд.

Ҳадаф аз баргузории машқҳо омӯзишу дар таҷриба санҷидани амалҳои муштараки воҳидҳои ҳарбии Тоҷикистону Чин оид ба аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, тарҳрезии чунин чорабиниҳо дар сурати пайдо шудани хатари терроризм, ба ҳадди ниҳоии камтарин расонидани оқибатҳои манфии он мебошад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён.

“Рӯзи 14 август имконоту амалҳои худро дар машқгоҳи “Ҷелондӣ” авиатсия, танку мошинҳои зиреҳпӯш, дастгоҳҳои артиллерӣ, муҳимоти низомии дигари махсус ва техникаи гуногун месанҷанд”, – қайд кард котиби матбуотии Вазорат.

Аз рӯи натиҷаҳои тамринҳо сарбозону афсарони бештар кӯшишу талош зоҳирнамуда дар он бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ба ин монанд тамринҳои низомиёни ду кишвар моҳи октябри соли 2016 низ дар ВМКБ баргузор шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...