CAFA-2019: Мусовии Тоҷикистон бо Эрон ва аз даст рафтани медали тилло

Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) дар шаҳри Душанбе ба анҷом расида, аз рӯи натиҷаҳои он мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов медалҳои нуқраро соҳиб шуд. Тими ҷавонони Эрон ғолиби мусобиқа шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар давраи ниҳоӣ барои соҳиб шудан ба зинаи […]

Asia-Plus

Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни футболбозони синни то 19-сола (U-19) дар шаҳри Душанбе ба анҷом расида, аз рӯи натиҷаҳои он мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов медалҳои нуқраро соҳиб шуд. Тими ҷавонони Эрон ғолиби мусобиқа шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар давраи ниҳоӣ барои соҳиб шудан ба зинаи аввал ба футболбозони тоҷик танҳо ғалаба зарур буд, лекин вохӯрӣ бо тими Эрон мусовӣ – 1 бар 1 ба итмом расид.

Гуфта мешавад, дар бозии дигари даври ниҳоӣ дастаи Ӯзбекистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб кард.

Аз рӯи натиҷаҳои Чемпионати Асотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) тими Эрон бо касби 10 имтиёз зинаи аввал, мунтахаби Тоҷикистон бо 8 имтиёз ҷойи дуюм ва дастаи Ӯзбекистон бо 5 хол мақоми сеюмро ишғол намуданд.

Дар маросими тантанавии пӯшидашавии мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо медалҳои дараҷаҳои дахлдор мукофотонида шуданд.

Ҷоизаи «Fair play» (“Бозии шаффоф”) ба тими Эрон тақдим гардид. Ба ҷоизаи “Беҳтарин нишонзан” ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Шаҳром Самиев (4 тӯб) соҳиб шуд.  Дарвозабони мунтахаби Эрон Амир Ҳусейн Некпур, ки дар ин мусобиқа ба дарвозааш танҳо як тӯб ворид шудааст, ба ҷоизаи “Бозигари аз ҳама судманд” сазовор дониста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.