Ҷаласаҳои парлумони Тоҷикистон бе иштироки ду вакил

Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки  имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, масъалаи пеш аз муҳлати қатъ шудани ваколатҳои намояндагони мардумӣ – вакилон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Ҷамшед Саидзода мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо сабаби охири моҳи июл аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба […]

Аваз Юлдошев

Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки  имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, масъалаи пеш аз муҳлати қатъ шудани ваколатҳои намояндагони мардумӣ – вакилон Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Ҷамшед Саидзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо сабаби охири моҳи июл аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси шаҳри Норак таъин шудани Ҳилолбӣ Қурбонзода ва раиси ноҳияи Ёвон таъин гардидани Ҷамшед Саидзода, ваколатҳои парлумонии ин вакилон пеш аз муҳлат қатъ шуданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ, агар муҳлати ваколати парлумон то як сол боқӣ монда бошад, интихобот ба ҷойи вакилони хориҷшуда гузаронида намешавад.

Қобили зикр аст, ки муҳлати ваколатҳои намоянагони мардумии даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи феврал ба итмом расида, ававли моҳи март дар кишвар маъракаи интихоботи вакилони нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.