Ҳукми 12 соли зиндон ба собиқ роҳбари агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон

Собиқ директори Агентӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати кории хориҷии Ӯзбекистон барои порагирӣ ва қаллобӣ маҳкум шуд. Суди шаҳри Тошканд Равшан Иброҳимовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои “қаллобӣ”, “додани пора”, “қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада” гунаҳкор дониста шудааст. Собиқ муовини сардори Агентии […]

Asia-Plus

Собиқ директори Агентӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати кории хориҷии Ӯзбекистон барои порагирӣ ва қаллобӣ маҳкум шуд. Суди шаҳри Тошканд Равшан Иброҳимовро ба 12 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳанд ВАО-и маҳаллӣ.

Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои “қаллобӣ”, “додани пора”, “қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада” гунаҳкор дониста шудааст.

Собиқ муовини сардори Агентии муҳоҷирати ин кишвар Улуғбек Назаров низ ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудааст.

Ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта хабар дода шуда буд, ки Иброҳимов ва муовини ӯ Улуғбек Назаров, ҳамчунин боз ду корманди мақомоти раҳбарии Агентӣ ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳо бо суиистифода аз мансаб ба ҳабс гирифта шудаанд.

Он замон манбаъҳои огаҳ аз ҷузъиёти ин қазия зикр карда буданд, ки мансабдорони ҳабсшуда ба гирифтани пора аз шаҳрвандон дар ҳаҷми беш аз 20 млн. доллар барои ба кор фиристодани онҳо ба Кореяи Ҷанубӣ гумонбар дониста мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.