Сайёҳон дар роҳи Бадахшон ба чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

Гулрӯ Калбодова, махсус барои “Азия-Плюс”

Мушкили асосии сайёҳон барои дидани зебоиҳои Бадахшон вайронии роҳҳо ва набудани нақлиётӣ ҳавоӣ аст. 

Мувофиқи омор, вуруди сайёҳҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба соли гузашта афзудааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2019 ба ин минтақа 3 426 сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардидаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1 491 нафар зиёд мебошад.

Барои хизматрасонӣ ба сайёҳон айни замон дар шаҳри Хоруғ 64 меҳмонхона кору фаъолият мекунанд.

Сайёҳони хориҷӣ Бадахшонро барои кӯҳҳои сарбафалкашида ва зебоманзар дӯст медоранд, аммо лаззат бурдан аз ин зебогиҳо осон нест.  Сайёҳон, ки аз сафари дуру дароз ва парвозҳои тулонӣ хаста мешаванд, бештар аз роҳҳои ноҳамвори Бадахшон шикоят доранд. 

“Мо новобаста аз дурӣ ва вайронии роҳҳо ба Бадахшон сафар кардем ва пушаймон ҳам нестем. Бо дидани зебогиҳои Бадахшон хастагиҳо фаромӯш мешаванд, ҳавои тоза рӯҳу тавон мебахшад”,- мегӯяд Майкл Райс, сайёҳ аз Амрико.

Мутахассисон низ мегӯянд бештари вақт сайёҳон аз вайронии роҳҳо ва набудани ҳавопаймо то шаҳри Хоруғ шикоят мекунанд.  

“Гарчанде сайёҳон аз дидани табиати зебо ва ҷойҳои таърихӣ, “Гармчашма” ва кӯли “Сарез” ҳаловат мебаранд, аз набудани ҳавопаймо то шаҳри Хоруғ ва роҳи пурмашақат то Бадахшон шикоят мекунанд ва дилгир мешаванд”, – гуфт Шоҳмурод  Муродов, мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди сайёҳии ВМКБ.

Ӯ мегӯяд мушкилоти нақлиёт барои сайёҳон дар ҳудуди худи вилоят низ вуҷуд дорад. 

“Бештарашон на бо мошин, балки бо дучархаю мототсикл вориди Бадахшон мешаванд. Дар ёфтани нақлиёти мусоид барои сафар дар дохили Помир низ мушкил пеш меояд. Баъзе аз мушкилии набудани нақлиёти мувофиқ барои саёҳати низ изҳори норозигӣ мекунанд”, – илова кард Муродов.

Мутахассисон мегӯянд, агар роҳи Душанбе-Хоруғ таъмир ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардад, шумораи сайёҳон афзоиш меёбанд. Сайёҳон низ мегӯянд бо хуб шудани роҳҳо бештар сафар хоҳанд кард.

“Пеш аз сафар ҳама сайёҳони хориҷӣ шарҳи сайёҳони дигарро дар интернет мехонанд.  Агар дар ин сомонаҳо маълумот дар бораи Бадахшонро кобед, каме шикоят аз ҳолати роҳҳо меёбед. Шояд баъзе аз сайёҳон бо хондани ин хабарҳо ва дидани аксҳо аз сафар худдорӣ кунанд.  Ман фикр мекунам бо беҳтар шудани ҳолати роҳҳо сайёҳон бештар ба Помир меоянд”, – гуфт Майкл Райс, сайёҳ аз Амрико. 

Охири моҳи август ҷонишини якуми вазири нақлиёт Суҳроб Мирзозода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки барои азнавсозии қитъаи роҳ то ВМКБ аз Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон бо грантдиҳандагони Чинӣ гуфтугузор давом дорад. Аммо кай маблағ ҷудо ва роҳ азнавсозӣ мешавад, маълум нест.  Ҳамчунин ин фақат як қисмати роҳи Душанбе-Кӯлма аст.

Мавод дар доираи барномаи «Рузноманигорони мардумӣ», ки бо дастгирии  Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна – CAMP амалӣ мешавад, омода шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...