Ҷаримаи кондуктори дағалрафтори микроавтобуси Душанбе

Date:

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар пайи расидагӣ ба муроҷиати шаҳрванд Шаҳноза Қурбонова, сокини 17-солаи пойтахт Баҳриддин Абдураҳмоновро, ки ба сифати пулчин (кондуктор) дар микроавтобуси хатсайри № 15 кор мекунад, ба ҷавобгарӣ ҷалб намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД дар Душанбе, шаҳрванд Шаҳноза Қурбонова дар саҳифаи Фейсбукии худ аз дағалрафтории як нафар ҷавонписари пулчин дар микроавтобус шикоят намуда, хостори андешидани чораи қонунӣ гардидааст.

Гуфта мешавад муайян гардидааст, ки дар ҳақиқат санаи 21-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми фаъолияти корӣ дар микроавтобуси хатсайри №15 ҳангоми ба маҳаллаи Ховарон расидан, Абдураҳмонов нисбати ин ҷавонзани мусофир, ки бо ду фарзандаш қарор дошт, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафашро дар байни дигар шаҳрвандон паст задааст.

Бо қарори суди ноҳияи Шоҳмансур Баҳриддин Абдураҳмонов барои майдаавбошӣ ба маблағи 385 сомонӣ ҷарима шуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...