Соли оянда ба соҳаи маорифи Тоҷикистон қариб 5 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо мешавад

Соли 2020 ҷиҳати маблағгузорӣ ба низоми маорифи кишвар ҷудо гардидани беш аз 4,7 млрд. сомонӣ (485 млн. доллар) маблағ пешбинӣ мешавад. Таҳиягарони лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” пешбинӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо соли ҷорӣ, соли оянда ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 308 млн. сомонӣ зиёдтар маблағ равона мегардад, хабар дод […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Соли 2020 ҷиҳати маблағгузорӣ ба низоми маорифи кишвар ҷудо гардидани беш аз 4,7 млрд. сомонӣ (485 млн. доллар) маблағ пешбинӣ мешавад.

Таҳиягарони лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020” пешбинӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо соли ҷорӣ, соли оянда ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 308 млн. сомонӣ зиёдтар маблағ равона мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисоди ҳукумати кишвар.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки Тоҷикистон ният дорад ҳамасола маблағгузориро ба соҳаи маориф зиёд кунад.

Соли 2021 низ ба рушди соҳаи маориф – қариб 5 млрд. сомонӣ ва соли 2022 – 5,3 млрд. сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2020 зиёда аз 45 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳаҷми буҷети давлатии соли равон 274 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Пешгӯӣ мешавад, ки соли оянда афзоиши ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 87,3 млрд. сомониро ташкил хоҳад дод, ки нисбат ба соли 2019 ба андозаи 7,4% бештар мебошад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.