Бо оғози соли нави хониш мақомоти шаҳрдории Душанбе шумори нақлиёти ҷамъиятиро дар пойтахт ба андозаи 25% зиёд кард, хабар доданд ба "Азия-“Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳр.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза ҳудуди 1,3 ҳазор адад микроавтобусҳо (маршруткаҳо), 300 адад автобус ва 60 троллейбус ҷиҳати хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт сафарбар мешаванд.
“Мувофиқи ҳисобу китоби мо, чунин миқдор нақлиёти ҷамъиятӣ барои хизматрасонии сокинону меҳмонони Душанбе кофист”, – изҳор намуд манбаъ.
Ҳамчунин зикр шуд, ки субҳу шом, ҳангоми шиддат гирифтани кори нақлиёти ҷамъиятӣ (часы пик), ки шумори мусофирон хеле меафзояд, автобусу маршруткаҳои иловагӣ ба хатсайрҳо мебароянд.
“То охири сол аз ҳисоби воситаҳои мақомоти шаҳрдорӣ боз 100 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» харидорӣ мешаванд”, – илова кард манбаъ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


