Шаҳрдории Душанбе итминон медиҳад, ки нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр кофист

Бо оғози соли нави хониш мақомоти шаҳрдории Душанбе шумори нақлиёти ҷамъиятиро дар пойтахт ба андозаи 25% зиёд кард, хабар доданд ба "Азия-“Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳр. Бино ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза ҳудуди 1,3 ҳазор адад микроавтобусҳо (маршруткаҳо), 300 адад автобус ва 60 троллейбус ҷиҳати хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт сафарбар мешаванд. “Мувофиқи ҳисобу китоби мо, чунин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо оғози соли нави хониш мақомоти шаҳрдории Душанбе шумори нақлиёти ҷамъиятиро дар пойтахт ба андозаи 25% зиёд кард, хабар доданд ба "Азия-“Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳр.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза ҳудуди 1,3 ҳазор адад микроавтобусҳо (маршруткаҳо), 300 адад автобус ва 60 троллейбус ҷиҳати хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт сафарбар мешаванд.

“Мувофиқи ҳисобу китоби мо, чунин миқдор нақлиёти ҷамъиятӣ барои хизматрасонии сокинону меҳмонони Душанбе кофист”, – изҳор намуд манбаъ.

Ҳамчунин зикр шуд, ки субҳу шом, ҳангоми шиддат гирифтани кори нақлиёти ҷамъиятӣ (часы пик), ки шумори мусофирон хеле меафзояд, автобусу маршруткаҳои иловагӣ ба хатсайрҳо мебароянд.

“То охири сол аз ҳисоби воситаҳои мақомоти шаҳрдорӣ боз 100 адад автобусҳои тамғаи «AKIA» харидорӣ мешаванд”, – илова кард манбаъ.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.