БҶ Хадамоти алоқаро дар таназзули бахши телекоммуникатсонии Тоҷикистон айбдор мекунад

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки бахши телекоммуникатсия, ки сарчашмаи рушди босуръат буд, акнун камтар рақобатпазир ва хеле зиёд мавриди танзим қароргирифта аз ҷониби Хадамоти алоқа шудааст. Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон воридоти сармоягузориҳои хусусиро ба соҳаи телекоммуникатсия боздошта, рушди бозори интернетро дар кишвар маҳдуд месозад, чунин мешуморанд иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ. “Муддати солҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) бар ин назаранд, ки бахши телекоммуникатсия, ки сарчашмаи рушди босуръат буд, акнун камтар рақобатпазир ва хеле зиёд мавриди танзим қароргирифта аз ҷониби Хадамоти алоқа шудааст.

Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон воридоти сармоягузориҳои хусусиро ба соҳаи телекоммуникатсия боздошта, рушди бозори интернетро дар кишвар маҳдуд месозад, чунин мешуморанд иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ.

“Муддати солҳои зиёд Хадамоти алоқа ба ширкатҳо дар пайвасти фаромарзӣ бо Афғонистон ва васли ноқили оптикиву нахӣ ба Чин монеъа эҷод менамояд, ки хароҷот ба трафикро хеле кам карда, ба беҳтар шудани сифат ва суръати он мусоидат мекард”, – қайд мешавад дар гузориши санаи 30 август нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Мусоидат ба имконоти рушд дар Тоҷикистон”.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки Хадамоти алоқа ба яке аз ширкатҳо барои сохтмони шабакаи нахиву оптикӣ дар Афғонистон иҷоза дода, сипас ин иҷозатномаро бозхонд кардааст.

Онҳо таъкид мекунанд, ки Хадамот ҳамчунин ба ширкатҳои мобилӣ дар бунёди муштараки шабакаи нахиву оптикӣ дар шарқи кишвар барои беҳбуди сифати хизматрасонӣ ва дастрасӣ ба ноҳияҳои ин минтақа низ монеъа мегузорад.

Ғайр аз ин, гуфта мешавад дар гузориш, пас аз таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ дар соли 2016, ки аз ҷониби “Тоҷиктелеком” идора мешавад, Хадамоти алоқа талаб мекунад, ки ҳамаи ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) ва операторони мобилӣ дар Тоҷикистон ҳамаи трафики интернетро тариқи ин марказ гузаронанд.

Бино бар ин, ҳамаи операторони боқимонда дар ҳолати номусоид қарор гирифтанд, зеро бояд таҷҳизоти аз ҷониби рақиб пешниҳодшударо истифода кунанд.

“Дигар омилҳое, ки хадамоти алоқа онҳоро душвор кард, аз ҷумла иборатанд аз қоидаҳои ба SIM-кортҳо дахлдошта (истифодаи на беш аз ду симкорт бо мавҷудияти чор оператори мобилӣ ва ғайриимкон будани интиқоли рақамҳо), манъи алоқаи байнулмилалӣ бо протоколи Voice over Internet Protocol (VoIP), қоидаҳои танзими савдои чаканаи SIM-кортҳо, назорати дастрасӣ ба Wi-Fi ва кӯшишҳои тибқи қонунгузорӣ муқаррар наудани нархҳои баланд ба SIM-кортҳо”, – қайд мекунанд таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ.

Тибқи маълумоти пешакии Хадамоти алоқаи ҶТ, ки Агентии омор онҳоро овардааст, тӯли 6 моҳи соли равон ҳаҷми даромади операторони миллӣ ва хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба андозаи зиёда аз 6% коҳиш ёфта, даромади соҳа 1 млрд. 233,5 млн. сомонӣ (127,4 млн. доллар бо қурби расмии БМТ)-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.