Дастури санҷиши навори видеои лату кӯби бераҳмонаи тоҷик

Дар посух ба барқияи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар мавриди нашри навори видеои лату кӯби бераҳмонаи як шаҳрванди Тоҷикистон вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор намудааст, ки ба санҷиши тамоми ҳолатҳои ҳодиса аз рӯйи далелҳо дастур додааст. “Вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Владимир Колоколтсев ба воҳидҳои дахлдори Вазорат дастур дод, ки […]

Дар посух ба барқияи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар мавриди нашри навори видеои лату кӯби бераҳмонаи як шаҳрванди Тоҷикистон вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор намудааст, ки ба санҷиши тамоми ҳолатҳои ҳодиса аз рӯйи далелҳо дастур додааст.

“Вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Владимир Колоколтсев ба воҳидҳои дахлдори Вазорат дастур дод, ки аз рӯи далели дар шабакаи интернет нашр шудани сабти навори видеои амалҳои зӯроварона нисбати як мард, эҳтимол шаҳрванди Тоҷикистон санҷиш гузаронида шавад”, – хабар дода мешавад дар сомонаи ВКД Русия.

Қайд мешавад, ки айни замон корҳои санҷиши ҳақиқӣ будани сабти навори видео, муайян кардани шахсияти иштирокчиёни навор, сана, макон ва дигар ҳолатҳои содир шудани ҷиноят ҷараён доранд.

“Дар бораи натиҷаи санҷишҳо ва қароири қабулшуда мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо тартиби муақарраршуда огоҳ карда мешаванд”, – хабар додааст намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк.

Посух ба барқияи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз он оғоз меёбад, ки сарфи назар аз мансубияти миллии ҷабрдида ва гумонбаршудагон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия назди худ мақсад гузоштаанд, ки ин ҷиноятро ошкор ва гунаҳкоронро боздошт намоянд.

Дар ҳамин ҳол, ВКД Русия ҳодисаи куштори устоди варзиш оид ба гуштини юнонӣ-румӣ Сергей Чуевро, ки дар ин куштор шаш нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, низ хотиррасон намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.