Таркиши балони газ дар Ҳисор ва осеби 10 нафар

Ҳодиса наздикиҳои шоми 1 сентябр дар ошхонаи тарабхонаи “Шоми Қалъа”, воқеъ дар наздикии Қалъаи Ҳисор рух дод. “Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ ба миён омада, дар натиҷа 10 нафар коргарони тарабхонаи мазкур ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ҳолати саломатии онҳо мӯътадил аст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. […]

Ҳодиса наздикиҳои шоми 1 сентябр дар ошхонаи тарабхонаи “Шоми Қалъа”, воқеъ дар наздикии Қалъаи Ҳисор рух дод.

“Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ ба миён омада, дар натиҷа 10 нафар коргарони тарабхонаи мазкур ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ҳолати саломатии онҳо мӯътадил аст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, бар асари ин таркиш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, бар асари ин ҳодиса аз ҷумла молики ин тарабхонаи машҳур сокини деҳаи Қалъаи Ҳисор Зоир Маҷидович Олимов ва писару духтараш, ҷароҳат бардоштаанд. Вазъи саломатии 4 нафар аз захмиён, аз ҷумла писари Зоир Олимов, вазнин арзёбӣ мешавад. Худи Зоир дастонаш дар ин ҳодиса сӯхтааст.

Гуфта мешавад, тарабхонаи "Шоми Қалъа”аз тарабхонаи пурмуштарӣ дар Ҳисор дониста шуда, меҳмонону сайёҳоне, ки ба тамошои Қалъаи Ҳисор меоянд, барои тановули мурғбирён (табака)-и маъруфи ин тарабхона меоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.