Қисмате аз Душанбе як шабонарӯз бе об мемонад

Дар робита ба баргузории корҳои таъмирӣ дар канали Варзоб, қисмате аз шаҳри Душанбе муддати як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, аз соати 22:00-и 3 сентябр то соати 22:00-и 4 сентябр интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои Спортивная, Шараф, Ал-Берунӣ, минтақаи шаҳракаи тиббӣ (Медгородок), Боғи ҳайвонот, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ […]

Дар робита ба баргузории корҳои таъмирӣ дар канали Варзоб, қисмате аз шаҳри Душанбе муддати як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, аз соати 22:00-и 3 сентябр то соати 22:00-и 4 сентябр интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои Спортивная, Шараф, Ал-Берунӣ, минтақаи шаҳракаи тиббӣ (Медгородок), Боғи ҳайвонот, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва “Кохи Наврӯз” қатъ мегардад.

Ҳамчунин дар ин муддат интиқоли об ба кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шахобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон низ боздошта мешавад.

Дар ин робита мақомоти шаҳрдорӣ аз сокинони дар ин кӯчаҳои пойтахт иқоматдошта дархост мекунад, ки барои як шабонарӯз оби нӯшокиро захира намоянд.

Ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва раҳбарияти КВД «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои таъмирӣ бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои беобмондаро бо обӣ нӯшокӣ таъмин намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.