Боз як тамрини муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар тамринҳои муштараки низомӣ оид ба маҳви гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Ӯзбекистон иштирок мекунанд. “Тамринҳо ҳафтаи оянда оғоз гардида, муддати 5 рӯз наздики 200 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва як қатор воҳидҳои Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон амалҳои таълимиву ҷангиро оид ба ошкор ва маҳви гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ […]

Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар тамринҳои муштараки низомӣ оид ба маҳви гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

“Тамринҳо ҳафтаи оянда оғоз гардида, муддати 5 рӯз наздики 200 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва як қатор воҳидҳои Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон амалҳои таълимиву ҷангиро оид ба ошкор ва маҳви гурӯҳҳои террористии эҳтимолӣ дар мавзеъҳои кӯҳии дастрасиаш душвор дар вилояти Намангон мавриди омӯзишу таҷриба қарор медиҳанд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён.

Қобили зикр аст, ки нахустин тамринҳои муштараки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 18-22 сентябри соли 2018 дар қароргоҳи маркази таълимии “Чоруқдаррон” ва машқгоҳи “Нурафшон” дар вилояти Суғд баргузор шуданд.

Он замон низ низомиёни ҳарду кишвар амалҳои муштаракро зидди гурӯҳҳои террористӣ мавриди омӯзиши санҷиш ва таҷриба қарор дода буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.