Сеяки ҳаҷми барқи истеҳсоли Тоҷикистон ба ҳамсояҳо дода мешавад

Моҳи июли соли равон Тоҷикистон наздики 30% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар ҷумҳуриро ба хориҷи кишвар содирот намуд. Дар ин моҳ Тоҷикистон ба кишварҳо қариб 640 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод, қайд мешавад дар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”. Ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар […]

Моҳи июли соли равон Тоҷикистон наздики 30% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар ҷумҳуриро ба хориҷи кишвар содирот намуд.

Дар ин моҳ Тоҷикистон ба кишварҳо қариб 640 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод, қайд мешавад дар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар дар ин давра 2,1 млрд. кВт/соатро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ 1 млрд. 257,4 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст.

Аз ҳисоби нерӯи барқи фурӯхташуда дар ин давра ба кишварҳои ҳамсоя 230 млн. сомонӣ (наздики 25 млн. доллар) даромад ба даст оварда шудааст.

Мувофиқи созишҳои қаблан ҳосилшуда, Тоҷикистон имсол ба хориҷи кишвар беш аз 3,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.