Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба сохтмони 4 меҳмонхонаи панҷситорадор дар Душанбе ҳусни оғоз мебахшад; – Дар чойхонаи “Машрабия”-и меҳмонхонаи “Серена” маросими ифтитоҳи намоишгоҳи асарҳои рассом Баҳром Исматов доир мегардад. Оғоз соати 18:00; – Дар меҳмонхонаи “Хайят Реҷенси Душанбе” нишасти хабарии пеш аз бозии даври аввали мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол […]

АНОНС

– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба сохтмони 4 меҳмонхонаи панҷситорадор дар Душанбе ҳусни оғоз мебахшад;

– Дар чойхонаи “Машрабия”-и меҳмонхонаи “Серена” маросими ифтитоҳи намоишгоҳи асарҳои рассом Баҳром Исматов доир мегардад. Оғоз соати 18:00;

– Дар меҳмонхонаи “Хайят Реҷенси Душанбе” нишасти хабарии пеш аз бозии даври аввали мусобиқаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешавад. Чорабинӣ дар толори конфронси «Istanbul» соати 11:30 оғоз мегардад.   

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6930 сомонӣ;

1 евро – 10.6080 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1444 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи китоб

1960 – Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали корхонаи истеҳсоли сементи Душанбе (феълан «Тоҷиксемент»).

2006 — Ифтитоҳи шабакаи нави телевизионии «Баҳористон» барои кӯдакон.

2007 — Президенти ҶТ Э.Раҳмон ба сохтмони бинои нави Китобхонаи миллӣ ҳусни оғоз бахшида, санаи 4-уми сентябрро Рӯзи китоб эълон кард.

973-1048 – Зодрӯзи файласуфи тоҷику форс, муаррих, мунаҷҷим ва риёзишинос Абӯрайҳони Берунӣ.

1917-1994 – Мавлуди сарояндаи эпоси Гуруғлӣ Ҳақназар Кабуд.

1927 – Зодрӯзи Рассоми халқии Тоҷикистон Иван Лисиков.

1948 – Мавлуди оҳангсоз Фарҳод Низомов.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 4 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.