Кумаки моддӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо ва иштирокчиёни ҶБВ

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҷиҳати кумаки моддӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳаҷми наздики 5 млн. сомонӣ кумаки моддӣ ҷудо намуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, бо қарори баимзорасида аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба муносибати 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, […]

Мақомоти шаҳрдории Душанбе ҷиҳати кумаки моддӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳаҷми наздики 5 млн. сомонӣ кумаки моддӣ ҷудо намуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, бо қарори баимзорасида аз ҷониби раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба муносибати 28-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 млн. 945,8 ҳазор ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла 226,8 ҳазор сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва маблағи 4 млн 719 ҳазор сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ҷудо намояд.

Гуфта мешавад, кумаки моддии ҷудошуда бояд то 7 сентябр ба шахсони таъиншуда расонида шавад.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи истиқлолият ба раисони ноҳияҳои шаҳр дастур дод, ки дар доираи қонунгузорӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, ятимон ва шахсони яккаву танҳо аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳо кумак кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.