Суди шаҳри Хуҷанд узви созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво” (Свидетели Иеговы) Шамил Ҳакимовро ба иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ ба 7,6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.
Ғайр аз ин, ба ӯ фаъолият муддати се сол пас аз озодӣ дар муассисаҳои динӣ манъ шуд.
Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, Шамил Ҳакимови 68-сола, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ то соли 2016 дар Душанбе иқомат дошта, сипас ба шаҳри Бӯстон барои таблиғи ақидаҳои созмони мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Шоҳидони Яҳво” кӯчидааст.
Фаъолияти созмони “Шоҳидони Яҳво” дар қаламрави Тоҷикистон соли 2007 манъ шуд. Намояндагони созмон ба саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ даъват мекунанд, ки мухолифи Конститутсияи ҷумҳурӣ аст.
“Бале, ман узви созмони “Шоҳидони Яҳво” мебошам, касе фикри маро дигар карда наметавонад, ман ҳамаи одамонро дӯст медорам. Ба ҳеҷ миллату дин адовате надорам. Аз эътиқоди худ даст кашиданӣ нестам. Ман гуноҳе надорам”, – ба айби худ иқрор нашуд Ҳакимов зимни додани сухан ба ӯ.
Қобили зикр аст, ки ин ҳодисаи дуюми зиндонӣ шудани пайравони равияи мазҳабии мазкур мебошад. Чанде қабл суд сарбози 18-соларо барои саркашӣ аз пӯшидани сарулибоси ҳарбӣ аз рӯйи эътиқод ба муҳлати 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


