Коҳиши интиқоли пул аз Русия ҳатто дар шароити афзоиши муҳоҷирати корӣ

Date:

Ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2% коҳиш ёфтааст.

Тӯли 6 моҳи соли равон шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 111 млн. доллар (ҳамин давраи соли гузашта – 1 млрд. 159 млн. доллар) пул фиристодаанд. Дар ин бора Бонки марказии Русия хабар медиҳад.

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз Тоҷикистон ба Русия 32,5% кам шудааст: аз 80 млн. доллар давоми моҳҳои январ-июни соли 2018 то ба 54 млн. доллар тӯли 6 моҳи соли равон.

Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Ӯзбекистон тайи 6 моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11% афзуда, ба Қирғизистон 17% кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ 2 млрд. 553 млн. доллар маблағ равона гардида буд, ки нисбат ба соли 2017 ба миқдори 17 млн. доллар зиёдтар аст.

Сарфи назар аз мушоҳидаи ба таври назаррас дар Тоҷикистон зиёд шудани муҳоҷирати корӣ тайи 5 соли охир, камшавии ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон идома дорад.

Мувофиқи маълумоти гузориши “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”, давоми ҳашт моҳи соли равон беш аз 411 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро дар хориҷи кишвар ихтиёр кардаанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 26% бештар аст.

“Болоравии сатҳи муҳоҷирати корӣ тӯли моҳҳои январ-август дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба каме беҳтар шудани шароити кор барои муҳоҷирон (ворид шудани тағйирот ба созишнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ) ва ҳамчунин афзоиши рушди иқтисоди Русия вобаста аст”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Бино ба маълумоти гуногун, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...