Тоҷикистон дар бистгонаи кишварҳои ислоҳотхоҳи Doing Business-2020

Бонки ҷаҳонӣ рӯйхати 20 кишвари ислоҳотхоҳи Doing Business-2020-ро ба нашр расонид, ки миёни онҳо Тоҷикистон низ ҳаст. Нишондоди ҷумҳурӣ аз рӯйи се шохис беҳтар шудааст.: “Сабти корхонаҳо”, “Дастрасӣ ба қарзҳо” (ба роҳандозии рӯйхати электронии амволи гарав рабт дорад) ва “Тиҷорати байнулмилалӣ (аз ҳисоби тадбирҳо ҷиҳати суръатбахшӣ ба анҷоми расмиёти гумрукӣ дар содироти маҳсулоти зудвайроншаванда). Дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ рӯйхати 20 кишвари ислоҳотхоҳи Doing Business-2020-ро ба нашр расонид, ки миёни онҳо Тоҷикистон низ ҳаст.

Нишондоди ҷумҳурӣ аз рӯйи се шохис беҳтар шудааст.: “Сабти корхонаҳо”, “Дастрасӣ ба қарзҳо” (ба роҳандозии рӯйхати электронии амволи гарав рабт дорад) ва “Тиҷорати байнулмилалӣ (аз ҳисоби тадбирҳо ҷиҳати суръатбахшӣ ба анҷоми расмиёти гумрукӣ дар содироти маҳсулоти зудвайроншаванда).

Дар рӯйхати 20 кишвари ислоҳотхоҳ Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ зикр шудаанд. Ба ҷуз ин кишварҳо Озарбойҷон, Бангладеш, Баҳрайн, Ҷибутӣ, Ҳиндустон, Урдун, Қатар, Кения, Чин, Косово, Қувайт, Мянма, Нигерия, Покистон, Арабистони Саудӣ, Того ва Зимбабве низ шомили феҳрист шудаанд.

Бонки ҷаҳонӣ ба ин бистгона кишварҳоеро интихоб мекунад, ки дар онҳо барои роҳандозии тиҷорат дар се ё беш аз 10 соҳа ислоҳоти сабуксозанда гузаронида шудаанд, ҷумла, дар бахшҳои сабти корхонаҳо, андозбандӣ, таъмини иҷрои қарордодҳо, ҳимоя аз сармоягузорони миноритарӣ (ақаллият), гирифтани қарзҳо, насб ба низоми таъминот бо барқ, сабти моликият, ҳалли масъалаи пардохтнопазирӣ, тиҷорати байнулмилалӣ, иҷозатнома барои сохтмон.

Интихоби иқтисодҳои беҳтаршуда аз рӯйи дастовардҳои назаррас дар самти саҳлгардонии роҳандозии тиҷорат байни кишварҳое муайян карда мешавад, ки на кам аз се ислоҳот гузаронидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.