Нишасти ИДМ дар Ашқобод: кӣ раёсати Иттиҳодро ба уҳда мегирад?

Рӯзи 11-уми октябр дар Ашқобод нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Дар он кишваре муайян хоҳад шуд, ки раёсати Иттиҳодро дар соли 2020 ба уҳда мегирад. Нишасти сарони кишварҳо аз табодули назар доир ба ҳамкории мутақобила дар доираи Иттиҳод ва баррасии масъалаи раёсат дар ИДМ дар соли 2020 оғоз мешавад. Дар […]

Рӯзи 11-уми октябр дар Ашқобод нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Дар он кишваре муайян хоҳад шуд, ки раёсати Иттиҳодро дар соли 2020 ба уҳда мегирад.

Нишасти сарони кишварҳо аз табодули назар доир ба ҳамкории мутақобила дар доираи Иттиҳод ва баррасии масъалаи раёсат дар ИДМ дар соли 2020 оғоз мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Раисҷумҳурон ҳамчунин лоиҳаҳои Эъломия дар бораи ҳамкории стратегии иқтисодии кишварҳои узви ИДМ ва Конвенсияи интиқоли иҷрои ҷазоро, ки ба маҳрум кардан аз озодӣ марбут нест, баррасӣ мекунанд.

Ҳамчунин санадҳои аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ мувофиқашуда, аз ҷумла, Барномаи амал оид ба фаъолсозии шарикӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо, масъалаҳои марбут ба Бозиҳои кишварҳои узви ИДМ, таъмини амнияти иттилоотии кишварҳои узви Иттиҳод, таъсиси Низоми муштарак (муттаҳида)-и алоқаи қувваҳои мусаллаҳ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, психотропӣ ва прекурсорҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба ҷуз ин, лоиҳаи Муроҷиати сарони кишварҳои ИДМ ба мардуми кишварҳои Иттиҳод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба 75-солагии Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамчунин санадҳои танзимкунандаи ҳамкорӣ дар муқовимат бо коррупсия, мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроваронаи ифротгароӣ, рушди табодули иттилоотӣ байни мақомоти салоҳиятдор дар соҳаи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин масоили мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди баррасии роҳбарони давлатҳо қарор мегирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.