Ҳалокати се нафар дар ду садамаи шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд”

Дар яке аз садамаҳои нақлиётии шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” зану шавҳар ҷон бохтанд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 6-уми октябр автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» таҳти идораи Толибҷон Усмонов дар болои пули ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба сабукрави «Опел-Вектра» таҳти идораи Абдуқаҳҳор Қаландаров бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи «Опел-Вектра» Қаландаров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар яке аз садамаҳои нақлиётии шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” зану шавҳар ҷон бохтанд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, рӯзи 6-уми октябр автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» таҳти идораи Толибҷон Усмонов дар болои пули ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба сабукрави «Опел-Вектра» таҳти идораи Абдуқаҳҳор Қаландаров бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи «Опел-Вектра» Қаландаров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба фавтидааст. Ҳамзамон мусофири «Опел-Зафира» Мубинҷон Ҳомидов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 4-уми октябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Лада-Калина” Акрамҷон Ашуров зимни ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд” дар ҳудуди ҷамоати Зидеҳи ноҳия Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст. Дар натиҷа ронанда бо ҳамсараш Рӯзигул Одинаева дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофир Суҳроб Меликов дар беморхона бистарӣ шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.