Тасдиқи рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ

Дар асоси пешниҳоди раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рамзи ҷашнии ин чорабиниро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани Саразм ишора шудаааст. Дар ду тарафи он номи «Саразм» ба […]

Asia-Plus

Дар асоси пешниҳоди раиси кумитаи тадорукот оид ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рамзи ҷашнии ин чорабиниро раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон интихоб кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, рамзи 5500-солагии Саразми бостонӣ доирашакл мебошад ва дар он нишонаҳои кишоварзӣ, ҳунармандӣ, шаҳрдорӣ ва шаҳрсозӣ будани Саразм ишора шудаааст. Дар ду тарафи он номи «Саразм» ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ навиштаву дар поёни он «5500» бо рақам нишон дода шудааст.

Гуфта мешавад, бозёфти тиллоии дувоздаҳгӯша, ки маҳсули ҷустуҷӯҳои охир дар Саразм мебошад, дар маркази рамз қарор дорад.

Дар миёнаи ин бозёфти дувоздаҳбурҷа деворҳои қадимаи Саразм, ки аз гил сохта шудаанд, насб гардидааст. Худи ин бозёфти тиллоии дувоздаҳбурҷа бо санъати волои заргарӣ сохта шуда, рамзи Офтобро ифода мекунад.

Ҳалқаи гирди сабз ишора ба осмони кабуду беғубор буда, фазои осоиштаву сулҳу суботро таҷассум месозад. Дувоздаҳ бурҷи ин бозёфт агар таъкид ба дувоздаҳ бурҷи фалак ва ё дувоздаҳ моҳи сол бошад, ба шакли секунҷа овардани он рамзи нурҳои хуршеди ҳаётбахш аст.

Парастиши офтоб аз ҷумлаи боварҳои ориёиён бар пирӯзии нур бар зулмот буда, мазмуни эҳёшавии Замин-модарро ифода месозад.

Тадқиқоти бардавоми бостоншиносони ҷаҳон дар ёдгории Саразм собит сохтааст, ки яке аз оинҳои ориёиён, аз ҷумла, аҳли Саразм эътиқод ба Хуршед-Офтоб-Меҳр будааст.

Ишора ва аломатҳои дигари ин рамз баёнгари бостонию таърихӣ будани Саразм мебошад.

Рамзи мазкур аз ҷониби иттифоқҳои рассомон ва дизайнерон омода шуда, бо иштироки мутахассисони Академияи илмҳо ва Вазорати фарҳанг дар бахши ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.