«Талко Кабел»: Сомони Эмомалӣ дар корхонаи мо кор намекунад

Дар корхонаи “Талко Кабел” маълумотро оид ба муовини директори генералӣ таъин шудани писари хурдии раиҷумҳур – Сомони Эмомалии 21-сола рад карданд. “Ин овоза то ба мо ҳам расид, аммо асоси воқеӣ надорад. Ӯ натанҳо муовини директори генералӣ таъин нашудааст, балки умуман дар корхонаи мо кор намекунад”, – хабар доданд аз шуъбаи идоракунии ҳайати шахсии ҶДММ “Талко Кабел”. […]

Дар корхонаи “Талко Кабел” маълумотро оид ба муовини директори генералӣ таъин шудани писари хурдии раиҷумҳур Сомони Эмомалии 21-сола рад карданд.

“Ин овоза то ба мо ҳам расид, аммо асоси воқеӣ надорад. Ӯ натанҳо муовини директори генералӣ таъин нашудааст, балки умуман дар корхонаи мо кор намекунад”, – хабар доданд аз шуъбаи идоракунии ҳайати шахсии ҶДММ “Талко Кабел”.

Дар ин шуъба зикр карданд, ки муовини директори генералӣ Ҳалимшо Аҳмадов буда, ҳоло ҳам дар ин вазифа кор мекунад.

"Талко Кабел" (Talco Cable Industries – ҶДММ «Ноқили Талко») – корхонаи истеҳсоли ноқилҳо воқеъ дар Душанбе аст. Он номгӯйи васеи маҳсулоти ноқилу сим истеҳсол мекунад. Корхона аз ҷониби Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) сохта шудааст.

Қаблан торнамои мустақили “Ахбор” иттилоъ дод, ки писари хурдии президент билофосила баъди хатми донишгоҳ муовини директори генералии корхонаи “Талко Кабел” таъин шудааст.

“Сомони Эмомалӣ, писари хурдии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инак се моҳ боз дар ин корхона ба ҳайси муовини директор фаъолият дорад. Аслан Сомон ба хотири омӯзиши кор ба ин корхона равон карда шудааст”, – омадааст дар хабари торнамои “Ахбор”.

Дар ин матлаб ҳамчунин гуфта мешавад, Сомони Эмомалӣ ба Вазорати руди иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ “ба хотири андӯхтани таҷриба рафта меояд, вале ҳарчанд ҳамеша дар инҷо дида мешавад, расман фаъолият намекунад”.

Дар бораи Сомонӣ Эмомалӣ чӣ маълум аст?

Дар бораи писари хурдии Эмомалӣ Раҳмон маълумоти кам дастрас аст. Соли 2012 Сомон ҳангоми таҳсил дар синфи ҳафтуми Мактаби байнулмилалии Душанбе соҳиби медали тилло дар Озмуни байнулмилалии тарроҳии фановариҳои нав дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия гардида буд.

Он замон ӯ ва толибилми дигар Исрофил Исмоилов як луғати электронӣ ба 4 забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ тарроҳӣ карданд.

Соли 2015 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хонандаи синфи 10-уми Мактаби байнулмилалии Душанберо боздошт намуд, ки худро писари раисҷумҳур муаррифӣ карда, аз одамон пули зиёд гирифтаву ба мансабдорон супоришҳои ғайриқонунӣ додааст.

Аксҳои Сомони Эмомалиро хадамоти матбуоти сарвари давлат бори нахуст моҳи марти соли 2017 нашр кард, ки ҳамроҳи падараш Эмомалӣ Раҳмон ва бародараш Рустами Эмомалӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон соҳиби 7 духтару 2 писар аст. Духтари дуюмаш – Озода Раҳмон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда, писари калониаш – Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.