Сармураббии Ҷопон: “Ғалаба осон ба даст наомад”

Сармураббии мунтахаби футболи Ҷопон Хадзимэ Мориясу пас аз вохӯрии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 бо дастаи Тоҷикистон қайд кард, ки ғалаба дар ин бозӣ осон ба даст наомадааст. Дар ин бора дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад. – Шогирдони ман баҳри ғалаба хеле талош варзида, бозии хуб нишон доданд. Ин ғалабаро ба қурбониёни […]

Asia-Plus

Сармураббии мунтахаби футболи Ҷопон Хадзимэ Мориясу пас аз вохӯрии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 бо дастаи Тоҷикистон қайд кард, ки ғалаба дар ин бозӣ осон ба даст наомадааст. Дар ин бора дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад.

– Шогирдони ман баҳри ғалаба хеле талош варзида, бозии хуб нишон доданд. Ин ғалабаро ба қурбониёни офати табиӣ дар Ҷопон мебахшем. Барои дастгирӣ ба ҳама миннатдорӣ иҳзор мекунам, -гуфт сармураббӣ.

Дар робита ба ҷараёни бозӣ Мориясу иброз дошт, ки дар қисми якум аз ҷониби футболбозони тоҷик фишор ҳис мешуд.

– Ҳолате буд, ки замони 0:0 будани ҳисоб ҳариф ба дарвозаи мо гол зада метавонист, лекин дарвозабон наҷот дод. Дар қисми дуюм мо бозиро каме тағйир дода, фишор ба дарвозаи ҳарифро зиёдтар кардем ва пирӯз шудем, – мегӯяд ӯ.

Сармураббии Ҷопон дар мавриди бозии футболбозони кишварамон зикр кард, ки дастаи Тоҷикистон тими қобили рақобат буда, аз лиҳози тактика хуб таълимдида аст. “Ба мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои минбаъда комёбӣ орзу дорам”, – илова кард ӯ.

Бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2002 оид ба футбол дар гурӯҳи «F» байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Ҷопон бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи меҳмонон анҷом пазируфт.  

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.