Медали нуқраи қайиқрон Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё

Date:

Дар шаҳри Шаосинги Чин рӯзи 17 октябр Чемпионати ҷаҳон ва Осиё оид ба марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (масофаҳои кӯтоҳ ва миёна) миёни ҷавонон ва калонсолон шурӯъ гардид, ки то 20 октябр идома меёбад.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ Шаҳриёр Даминов ва Нурмуҳаммади Тоҳир миёни калонсолон иштирок доранд.

Гуфта мешавад, Шаҳриёр Даминов дар каноэи якнафарӣ (С1) ба масофаи 3600 метр қувва озмуда, бо натиҷаи 18:23,70 сазовори медали нуқраи Чемпионати Осиё гардид. Дар ин масофа 19 варзишгар аз 12 давлати ҷаҳон иштирок карданд. Шаҳриёр бо ин нишондод дар сатҳи ҷаҳон ҷои 15-умро ишғол кард.

“Медали тиллои Чемпионати Осиё насиби варзишгари Чин Зиҳанг Ванг бо натиҷаи 17:12,47, медали биринҷӣ насиби Иссеӣ Такенака аз Ҷопон бо натиҷаи 18:45,78 гардид”, – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар сатҳи ҷаҳон варзишгарони Испания Диего Ромеро (16:17,54) ва Мануэл Кампос (16:18,86) ду ҷои аввалро ба даст оварданд. Мақоми сеюм насиби варзишгари Чех Яқуб Березина (16:24.15) шуд.

Варзишгари дигари Тоҷикистон Нурмуҳаммади Тоҳир дар байдаркаи якнафарӣ (К1) ба масофаи 3600 метр дар даври интихобӣ охирин шуда ба марра расид ва ба финал роҳ пайдо накард. Дар ин қувваозмоӣ 33 нафар иштирок доштанд.

Фардо, 19 октябр варзишгарони тоҷик дар масофаи миёна (26 км) нерӯ месанҷанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...