Чемпионати футзали Осиё-2020: Тоҷикистон ва Непал – 6:0

Date:

Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии сербиягӣ Деян Дедович дар бозии аввали гурӯҳи “А”-и мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 оид ба футзал (футбол дар толор) дастаи Непалро бо ҳисоби калони 6 бар 0 мағлуб кард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон,  бозии дигари гурӯҳи”А” байни дастаҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 6 бар 2 ба фоидаи футболбозони ӯзбек анҷом ёфтааст.

Гуфта мешавад, дар даври дуюми ин мусобиқа футболбозони тоҷик имрӯз, 24у-ми октябр бо тими Афғонистон бозӣ мекунанд. Вохӯрӣ дар шаҳри Урмияи Эрон соати 14:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Қобили зикр аст, ки ба даври финалии Чемпионати Осиё оид ба футзал-2020, ки соли оянда дар Туркманистон доир мегардад, ду дастаи зинаҳои аввал аз ҳар кадом гурӯҳи минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...