Иҷозаи берун аз кишвар бурдани 10 ҳазор доллар ба ӯзбекистониҳо

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳрвнадони кишвараш иҷозат дод, 10 ҳазор доллари нақдинаро аз кишвар берун баранду дар хориҷ суратҳисоб боз кунанд Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, то ин замон шаҳрвандони он кишвар ҳақ доштанд, ки то 2 ҳазор долларро бидуни эъломия ва то 5 ҳазор долларро бо тартиб додани эъломия ба хориҷ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳрвнадони кишвараш иҷозат дод, 10 ҳазор доллари нақдинаро аз кишвар берун баранду дар хориҷ суратҳисоб боз кунанд

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, то ин замон шаҳрвандони он кишвар ҳақ доштанд, ки то 2 ҳазор долларро бидуни эъломия ва то 5 ҳазор долларро бо тартиб додани эъломия ба хориҷ баранд.

Гуфта мешавад, барои берун бурдани миқдори бештари маблағ иҷозати Бонки марказии он кишвар зарур буд.

Ин тартибот 23 октябр баъди он ба иҷро даромад, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қонуни нав "Дар бораи танзими бозори асъор"-ро имзо кард.

Қонуни мазкур ҳамчунин ба шаҳрвандон иҷозат медиҳад, ки дар хориҷ суратҳисоби бонкӣ боз кунанд ва аз суратҳисоби бонкҳои Ӯзбекистон ба хориҷ ва баракс, аз хориҷ ба дохил маблағ ирсол намоянд.

Зикр мегардад, ки ҳуҷҷат ҳамчунин шаҳрвандонро вазифадор мекунад, ки тамоми ҳисобҳо ва пардохтҳоро дар дохили Ӯзбекистон бо асъори миллӣ анҷом диҳанд. Арзиши мол ва хизматрасониро бо асъори хориҷӣ нишон додан манъ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.