Таъсиси гурӯҳи корӣ барои бозбинии «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон доир ба таҳияи лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, гӯрӯҳро ёвари Президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  академик Абдуҷаббор Раҳмонзода роҳбарӣ мекунад. Ҳайати гурӯҳ аз олимони забоншиноси Академияи илмҳои Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ ва донишгоҳу […]

Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон доир ба таҳияи лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, гӯрӯҳро ёвари Президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  академик Абдуҷаббор Раҳмонзода роҳбарӣ мекунад.

Ҳайати гурӯҳ аз олимони забоншиноси Академияи илмҳои Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ иборат аст.

Гурӯҳи корӣ барои баррасӣ ва омӯзиши лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки аз ҷониби Кумита бо ҷалби мутахассисони забоншинос ва олимон таҳия гардида буд, супориш гирифта, ҳамзамон вазифадор карда шуд, ки таклифу пешниҳодоти мутахассисони забондон ва кафедраҳои забоншиносии мактабҳои олии мамлакатро дар муддати ду ҳафта мавриди баррасӣ  қарор диҳад.

Гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 4 октябри соли 2019 зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё, маориф,  илм, адаб ва фарҳанг оид ба  ислоҳи камбудиҳову мушкилоти  «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» баён гардида буд, таъсис дода шуд.

Зикр мешавад, ки баъд аз баррасии ниҳоӣ лоиҳаи нави «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.