Парлумон лоиҳаи қонун “Дар бораи авф”-ро баррасӣ мекунад

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ фардо, 25-уми октябр лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро баррасӣ ва шояд қабул мекунад. Лоиҳаи қонунро масъулини Вазорати адлия ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ муаррифӣ кардаву шарҳ медиҳанд. Ҷаласаи палатаи поёнии парлумон соати 10:00 оғоз мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро маъқул мешуморанд. Пас аз […]

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ фардо, 25-уми октябр лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”-ро баррасӣ ва шояд қабул мекунад.

Лоиҳаи қонунро масъулини Вазорати адлия ва Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ муаррифӣ кардаву шарҳ медиҳанд.

Ҷаласаи палатаи поёнии парлумон соати 10:00 оғоз мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро маъқул мешуморанд.

Пас аз қонун дар бораи авфро тасдиқ кардани палатаи поёнии парлумон ва имзои он аз ҷониби президент Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ба озод кардани маҳкумшудагон оғоз мекунад.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 16-уми октябр ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф»-ро барои баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод кард.

Баъд аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтан, он нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад.

Мувофиқи моддаи 1-и лоиҳаи қонун, аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:

– занон; ноболиғон;  мардони аз синни 55 боло; маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯйи таснифи байналмилалӣ, ба омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд; шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд ва шаҳрвандони хориҷӣ.

Дар Тоҷикистон авф маъмулан дар остонаи ҷашнҳои асосии давлатӣ эълон мешавад.

Ҳамин тариқ, соли 2014 ба ифтихори 20-солагии Конститутсияи Тоҷикистон 10 ҳазор нафар ва соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ (авфи тиллоӣ) 15 ҳазор нафар мавриди авф қарор гирифтанд.

Маълумоти муфассал дар бораи лоиҳаи қонун “Дар бораи авф” бо нишонии зерин дар сомонаи расмии сарвари давлат қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.