Роҳбарони корхонаҳои давлатӣ аз яккасардорӣ маҳрум мешаванд

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонуни ҶТ “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ”-ро қабул кард, ки мутобиқи он дар ин корхонаҳо Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад. Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон рӯзи 23-юми октябр раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода гуфт, ки ин тадбирҳо ба амалисозии Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои давраи солҳои […]

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонуни ҶТ “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ”-ро қабул кард, ки мутобиқи он дар ин корхонаҳо Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.

Зимни шарҳи тағйирот ба вакилон рӯзи 23-юми октябр раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода гуфт, ки ин тадбирҳо ба амалисозии Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои давраи солҳои 2016-2020 равона шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи қонуни амалкунандаи ҶТ “Дар бораи корхонаҳои давлатӣ”, роҳбари корхона бо усули “яккасардорӣ” амал карда, ҳамаи масъалаҳои фаъолияти корхонаро мустақилона ҳал мекунад.

Ҳамрализода таъкид дошт, ки тағйироти пешниҳодшуда ба ҷорисозии усули муосири идоракунӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва роҳандозии фаъолияти босамари ин корхонаҳо равона мешавад.

Дар тағйирот, ба қавли ӯ, ташкили Шӯрои нозирон пешбинӣ шудааст, ки назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои давлатиро таъмин мекунад. Зимнан сатҳи масъулияти роҳбари корхона баландтар мешавад.

Ҳамрализода гуфт, ки дар тағйирот Шӯрои нозирон мақоми идоракунӣ ва роҳбари корхонаи давлатӣ мақоми иҷроия муқаррар шудааст.

Таъкид шуд, ки аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарони корхонаҳои давлатиро ҳукумати ҷумҳурӣ таъин мекунад.

Ба гуфтаи раиси Кумита, ба истиснои масоили ба ваколати муассис (ҳукумат) ва роҳбари корхона дахлдошта, Шӯрои нозирон идоракунии умумии корхонаи давлатиро амалӣ месозад.

Зикр шуд, ки ваколатҳои Шӯрои нозирон аз муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти корхона, тасдиқи буҷети солона, ҳисоботдиҳӣ, аудитор ва дигар масъалаҳо иборат мебошад.

“Роҳбари корхонаи давлатӣ ба Шӯрои нозирон ҳисобот медиҳад”, – иброз дошт Ҳамрализода.

Ӯ таъкид дошт, ки барои якбора дар 789 корхонаи давлатии айни замон дар кишвар мавҷудбуда таъсис додани Шӯроҳои нозирон зарурате ҷой надорад. “Ин раванд давра ба давра амалӣ хоҳад шуд”, – афзуд раиси Кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.