Селфи бо қаҳрамони ҷаҳон. Истиқболи Сомон Маҳмадбеков дар Душанбе

Имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт маросими тантанавии истиқболи Сомон Маҳмадбеков баргузор шуд, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид. Роҳбарони Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, варзишгарон, намояндагони ВАО ва сокинони шаҳр ба пешвози қаҳрамони ҷаҳон омаданд. Ёдовар мешавем, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои дарёфти медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон […]

Имрӯз дар фурудгоҳи пойтахт маросими тантанавии истиқболи Сомон Маҳмадбеков баргузор шуд, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид.

Роҳбарони Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, варзишгарон, намояндагони ВАО ва сокинони шаҳр ба пешвози қаҳрамони ҷаҳон омаданд.

Ёдовар мешавем, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои дарёфти медали тилло дар Чемпионати ҷаҳон ба Сомон Маҳмадбеков 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад.

Ӯ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 17-20 октябр дар Марокаш доир гардид, ба унвони қаҳрамонӣ соҳиб шуд. Дар қувваозмоии финалӣ дар вазни то 73 кило ӯ рӯзи 17-уми октябр бар ҳарифаш аз Русия Георгий Елбакиев дастболо шуд.

Пас аз ин пирӯзӣ ӯ дар вазни то 73 кг дар садри рейтинги ҷаҳонӣ қарор гирифта, аз зинаи 58-ум якбора ба зинаи аввал баромад: шумори имтиёзҳои бадастовардаи Сомон Маҳмадбеков ба 559 расида, аз варзишгари Молдова Виктор Стерпу (зинаи дуюм) 8 имтиёз бештар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.