China Road дар Ванҷу Рӯшон 9 пули мошингузар месозад

Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин (China Roud) дар қаламрави ВМКБ 9 пули автомобилгард месозад. Маълумот дар бораи интихоби ин ширкат ба сифати паймонкор дар сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Гуфта мешавад, бунёди ин иншоот дар доираи амалисозии лоиҳаи “Таҳкими зерсохтори муҳимтарин барои таъмини устуворӣ ба хатарҳои табиӣ” сурат мепазирад. Сохтани пулҳо дар муҳлати 18 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин (China Roud) дар қаламрави ВМКБ 9 пули автомобилгард месозад.

Маълумот дар бораи интихоби ин ширкат ба сифати паймонкор дар сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷой дода шудааст.

Гуфта мешавад, бунёди ин иншоот дар доираи амалисозии лоиҳаи “Таҳкими зерсохтори муҳимтарин барои таъмини устуворӣ ба хатарҳои табиӣ” сурат мепазирад.

Сохтани пулҳо дар муҳлати 18 моҳ дар қаламрави ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон ба нақша гирифта шудааст. Арзиши умумии қарордод наздики 76,2 млн. сомонӣ (7,8 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар даври ниҳоии озмун оид ба интихоби паймонкори лоиҳаи зикршуда ба сурати умум панҷ ширкат – Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чин); ҶДММ «Мостоотряд» (Тоҷикистон); Синохидро Корпорейшн Лимитед (Чин); ООО «Интеграл» (Тоҷикистон) ва Ширкати сохтмонии ҷанубӣ (Лубнон) иштирок кардаанд.

China Road ширкати дар Тоҷикистон маъруфест, ки тибқи фармоиш корҳои таъмиру навсозии роҳҳои мошингардро аксаран бо маблағҳои қарзии аз ҷониби ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ҷудошуда анҷом медиҳад.

Аз ҷумла, корҳои таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистонро ҳамин ширкат ба уҳда дошт.

Қаблан зикр гардида буд, ки барои таъмиру навсозии қитъаи роҳи масофааш 92 километр аз Қалъаи Хумб то сарҳади ноҳияи Рӯшон ҳукумати Чин ба Тоҷикистон 230 млн. доллар грант ҷудо мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.