Барои таъмиру навсозии роҳ аз Қалъаи Хумб то Рӯшон Чин 230 млн. доллар маблағ медиҳад

Айни замон оид ба ҷудо шудани грант аз ҷониби Чин барои таъмиру навсозии қитъаи роҳ аз ноҳияи Қалъаи Хумб то сарҳади ноҳияи Рӯшон, гуфтушунид ҷараён дорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода. Муовини аввали вазир қайд кард, ки мутахассисони Чин ҷиҳати таҳияи санади асосноккунии техникӣ-иқтисодии ин қитъаи роҳ ба наздикӣ […]

Айни замон оид ба ҷудо шудани грант аз ҷониби Чин барои таъмиру навсозии қитъаи роҳ аз ноҳияи Қалъаи Хумб то сарҳади ноҳияи Рӯшон, гуфтушунид ҷараён дорад, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода.

Муовини аввали вазир қайд кард, ки мутахассисони Чин ҷиҳати таҳияи санади асосноккунии техникӣ-иқтисодии ин қитъаи роҳ ба наздикӣ ба Тоҷикистон меоянд.

Бино ба гуфтаи Мирзозода, барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳи масофааш 92 километр 230 млн. доллар маблағ зарур аст.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ин қитъаи роҳ сохмтони ду нақб ба нақша гирифта шудааст.

“Бо итминон гуфта метавонам, ки баъди се-чор сол корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ ба итмом расида, он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ хоҳад буд”, – иброз дошт муовини аввали вазири нақлиёт.

Ғайр аз ин, қайд кард Мирзозода, оид ба таъмиру навсозии қитъаҳои роҳҳои Ширговад – Дарвоз ва Кӯлоб – Шӯроободи роҳи мошингарди Душанбе -Хоруғ – Қулма аллакай корҳо оғоз шудааст.

Ҳамчунин, ба қавли ӯ, оид ба интихоби ширкати паймонкор барои сохтмони 18 пули нав дар қаламрави ноҳияҳои гуногуни ВМКБ низ корҳо ҷараён доранд.

Илова бар ин, таъкид дошт ӯ, дар қаламрави ВМКБ аз ҳисоби воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ корҳои таъмир роҳандозӣ шуда, барои дар ҳолати хуби коршоям нигоҳ доштани вазъи роҳҳо техникаи роҳсозӣ харида мешавад.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ қариб ҳамаи роҳҳо аз маркази ҷумҳурӣ ба минтақаҳо таъмиру навсозӣ шуда, аммо роҳҳои ВМКБ аз маркази маъмурии ноҳияи Дарвоз минбаъд ба дохили ВМКБ дар ҳолати нимахароб боқӣ мондаанд.

Дар ҳамин ҳол, лоиҳаҳо оид ба таъмиру навсозии роҳҳои мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ (80 км, 238 млн. доллар) ва Ванҷ – Хоруғ (163 км, 200 млн. доллар) муддати тӯлонист, ки байни лоиҳаҳои ояндадори Вазорати нақлиёт боқӣ мемонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.