Маҳбуси ҳангоми фирор кушташуда узви Ҳаракати исломии Туркистон будааст

Зиндоние, ки аснои кӯшиши фирор аз муассисаи ислоҳии №4-и пойтахт парронда шуд, зодаи деҳаи Қурқудуқи ноҳияи Ашт Акмал Эргашеви 32-сола мебошад. Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба хабарнигори “Азия-Плюс” кушта шудани ин маҳбусро тасдиқ карда, гуфт: “Акмал Эргашев мехост аз зиндон фирор намояд ва зимни итоат накардан ба кормандони муассисаи ислоҳӣ дар […]

Зиндоние, ки аснои кӯшиши фирор аз муассисаи ислоҳии №4-и пойтахт парронда шуд, зодаи деҳаи Қурқудуқи ноҳияи Ашт Акмал Эргашеви 32-сола мебошад.

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ ба хабарнигори “Азия-Плюс” кушта шудани ин маҳбусро тасдиқ карда, гуфт: “Акмал Эргашев мехост аз зиндон фирор намояд ва зимни итоат накардан ба кормандони муассисаи ислоҳӣ дар хати назоратӣ бо силоҳ безарар карда шуд. Мутаассифона, маҳбус дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Рӯзи дигар ҷасадаш ба наздиконаш супорида шуд”.

Вай афзуд: “Акмал Эргашев узви Ҳаракати исломии Туркистон буда, бо ҳукми суд 12 сол ҳабс шудааст. Аз ин муҳлат беш аз 8 сол адои ҷазо карда, се соли дигараш боқӣ монда буд. Ӯ оиладор ва соҳиби як фарзанд аст”.

Умаров инчунин гуфт, ки мувофиқи маълумоти фаврӣ, маҳбуси ҳалокшуда 2 бародари худро ба Покистон барои аъзо шудан дар Ҳаракати исломии Туркистон ва иштирок дар ҷиҳод фиристода буд. Вале тибқи иттилооти ба даст омада, онҳо низ ба ҳалокат расидаанд.

Куштори Акмал Эргашев шаби 21-уми октябр рух додааст. Дар ҷараёни ин ҳодиса нозири маҳбас Исмоил Комилзода низ сахт маҷруҳ шуда, феълан дар бемористон бистарист.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.