Дар Тоҷикистон беш аз 330 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд. Он куҷо меравад?

То 28-уми октябр дар Тоҷикистон 330,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаша 95,4 ҳазор тонна бештар аст. Дар вилояти Хатлон иҷрои нақшаи имсолаи ҷамъоварии пахта 75% ва вилояти Суғд 73% таъмин шудааст. Дар Тоҷикистон имсол дар майдони 185 ҳазору 670 гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 400 ҳазор тонна […]

То 28-уми октябр дар Тоҷикистон 330,5 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаша 95,4 ҳазор тонна бештар аст.

Дар вилояти Хатлон иҷрои нақшаи имсолаи ҷамъоварии пахта 75% ва вилояти Суғд 73% таъмин шудааст.

Дар Тоҷикистон имсол дар майдони 185 ҳазору 670 гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 400 ҳазор тонна ҳосил дар назар аст. Соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба нуқтаҳои қабул ҳамарӯза 5 ҳазор тонна пахта месупоранд.

Чинакчиён каманд

Дар ҳамин ҳол, хоҷагиҳои пахтакор аз норасоии қувваи корӣ дар ҷамъоварии ҳосил шикоят дошта, дар баъзе ноҳияҳо ҳокимияти маҳаллӣ кормандони худро маҷбур месозад, ки дар рӯзҳои истироҳат ба пахтачинӣ бароянд.

Ба ҷуз ин, пахтакорон мегӯянд, ширкатҳои миёнарав пахтаи онҳоро бо нархи хеле паст харида, он хароҷоти парвариши зироатро рӯйпӯш намекунад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон бархилофи вазифаҳои гузоштаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба қатъи содироти пахта ба сифати ашёи хом ва афзоиши коркарди он дар дохили ҷумҳурӣ таъкид кард, фурӯши пахтаро ба хориҷи кишвар зиёд мекунад.

Тибқи маълумоти охир, ба Русия, Чин, Туркия ва кишварҳои Балтика, ки аз Тоҷикистон пахта мехаранд, Афғонистон низ ҳамроҳ шуд.

Аммо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ба андозаи 39,2% коҳиш ёфтааст.

Дар кишвар ҳамасола то 120 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуда, ҳамагӣ то 25%-и он дар дохили кишвар коркард ва қисмати боқимонда содирот мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.