Дар татбиқи лоиҳаи Digital CASA Тоҷикистонро “пешсаф” номиданд

Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаи Digital CASA, ки Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро бо хати ягонаи оптикӣ-нахӣ мепайвандад, корҳои зиёд анҷом додааст ва дар ин самт миёни кишварҳои минтақа пешсаф аст. Дар ин бора намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс рӯзи 30-юми октябр зимни мулоқот бо муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳори назар кард. Бино […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон дар амалисозии лоиҳаи Digital CASA, ки Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро бо хати ягонаи оптикӣ-нахӣ мепайвандад, корҳои зиёд анҷом додааст ва дар ин самт миёни кишварҳои минтақа пешсаф аст.

Дар ин бора намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс рӯзи 30-юми октябр зимни мулоқот бо муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳори назар кард.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа зиёд кардани дастрасӣ ба шабакаи Интернети босуръат дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар ноҳияҳои дурдаст мебошад.

Инчунин татбиқи лоиҳаи мазкур амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд кардани пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилу тавсеаи тиҷорат ва татбиқи ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд.

Нуралиев зикр кард, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кумак хоҳад кард.

Гуфта мешавад, татбиқи ин лоиҳа ба Тоҷикистон имконият медиҳад, ки хати шабакаи интернети босуръатро якбора аз чанд тараф (аз шарқ – Чин; аз ғарб – Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра) ба ҷумҳурӣ ворид кунад, ки он боиси таъминоти устувори Интернет мешавад.

Лоиҳаи Digital CASA тобистони соли 2017 дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи “Digital CASA” ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё: Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Иштирокчиёни имконпазири Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон мебошанд.

Дар бораи хоҳиши маблағгузорӣ ба татбиқи лоиҳа он замон чанде аз ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ, аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ изҳори назар карда буданд.

Натиҷаи пурсамари лоиҳа барои Тоҷикистон дастрасии сокинони кишвар ба интернети арзони васеъхат аз ҳисоби шабакаҳои алтернативӣ арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.