Сокини Суғд барои то ба худкушӣ расонидани толиба маҳкум шуд

Сокини вилояти Суғд барои то ба худкушӣ расонидани ноболиғ ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд: ӯ ба духтар фишор овардаву маҷбур мекард, ки бо вай издивоҷ кунад. Сокини 27-солаи ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод Умедҷон Ирисқулов дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 109, қ. 2 КҶ ҶТ (Ба худкушӣ расонидани ноболиғ) айбдор дониста шудааст. Тавре раиси суди […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Сокини вилояти Суғд барои то ба худкушӣ расонидани ноболиғ ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд: ӯ ба духтар фишор овардаву маҷбур мекард, ки бо вай издивоҷ кунад.

Сокини 27-солаи ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод Умедҷон Ирисқулов дар содир кардани ҷиноят мутобиқи моддаи 109, қ. 2 КҶ ҶТ (Ба худкушӣ расонидани ноболиғ) айбдор дониста шудааст.

Тавре раиси суди ноҳияи Зафаробод Мирзошариф Ҳоҷизода хабар дод, маҳкумшуда ҳанӯз моҳи декабри соли 2017 бо духтари ноболиғ, хонандаи синфи 10 Н.Ю. шинос шуда, намегузоштааст, ки ӯ дар чорабиниҳои мактаб иштирок кунад. Ҳоҷизода ба хонаи онҳо омада, ба волидонаш мегуфтааст, ки ба духтарашон гап задан бо дигар ҷавононро манъ кунанд.

“Дар акси ҳол, таҳдид мекардааст, ки аксҳои ин духтари ноболиғро дар интернет гузошта, шармандаву беобрӯ мекунад ва дигар касе дар ҷамоат ӯро ба занӣ намегирад. Вай худаш ба духтар хонадор шуданӣ буд”, – гуфт судя ва илова кард, ки маҳкумшуда доимо озодии духтарро маҳдуд мекардааст.

Дар натиҷа духтар дигар тоқатро аз даст дода, 15-уми апрели соли 2019 даст ба худкушӣ задааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.