Наврасони тоҷик аз Испания бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрданд

Дар даври дуюми мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасон (U-17) дар Бразилия мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1:5 аз тими Испания шикаст хӯрд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бо вуҷуди бохт шогирдони Зайниддин Раҳимов ҳоло ҳам барои дарёфти роҳхат ба даври 1/8 финалӣ имкон доранд. Дар бозии дигари гурӯҳи “Е” мунтахаби наврасони Аргентина дастаи […]

Asia-Plus

Дар даври дуюми мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасон (U-17) дар Бразилия мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 1:5 аз тими Испания шикаст хӯрд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, бо вуҷуди бохт шогирдони Зайниддин Раҳимов ҳоло ҳам барои дарёфти роҳхат ба даври 1/8 финалӣ имкон доранд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “Е” мунтахаби наврасони Аргентина дастаи Камерунро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, баъд аз ду давр бо касби 4-имтиёзӣ дастаҳои Испания ва Аргентина дар садри ҷадвали гурӯҳи “Е” қарор дошта, иштироки худро дар марҳилаи минбаъдаи мусобиқа таъмин карданд.

Барои роҳ ёфтан ба даври 1/8 финалӣ ба Тоҷикистон натиҷаи мусовӣ дар бозии охир бо тими Аргентина кофист. Ин бозӣ рӯзи якшанбе, 3-юми ноябр дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade» дар шаҳри Кариасикаи Бразилия баргузор мешавад. Оғози бозӣ – соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ва соати 01:00-и 4-уми ноябр ба вақти Душанбе.

Аз рӯйи натиҷаи қуръапартоии Чемпионати ҷаҳон-2019 байни наврасон 24 даста ба 6 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба даври минбаъдаи мусобиқа ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ҳамчунин 4 дастаи зинаҳои сеюми гурӯҳҳо бо нишондодҳои беҳтарин роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.