Сарвазири Тоҷикистонро имрӯз дар Тошканд мунтазиранд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нимаи аввали имрӯз бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тошканд меравад. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар пойтахти Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии роҳбарони ҳукуматҳои мамолики аъзои Созмони ҳамкории Шонҳой (СҲШ) иштирок мекунад. Дар доираи кори ҷаласа Қоҳир Расулзода як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ баргузор мекунад. […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нимаи аввали имрӯз бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тошканд меравад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар пойтахти Ӯзбекистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи навбатии роҳбарони ҳукуматҳои мамолики аъзои Созмони ҳамкории Шонҳой (СҲШ) иштирок мекунад.

Дар доираи кори ҷаласа Қоҳир Расулзода як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ баргузор мекунад.

Дар назар аст, ки сарвазирони кишварҳои аъзои СҲШ-ро раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур мепазирад.

Дар ҷаласаи Тошканд баррасии густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобила бо мақсади ҳалли масоил оид ба ташаккули иқтисоди ҷаҳонии боз ва таҳкими низоми бисёрҷонибаи савдо, ки ба қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат асос ёфтааст, дар назар аст.

Дар ҷаласа сарвазирон оид ба амалисозии барномаи Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, саноат, молия, бахши кишоварзӣ, гумрук, телекоммуникатсия ва ғайра табодули назар мекунанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа тасдиқи регламенти консорсиуми марказҳои таҳлили иқтисодии СҲШ, имзои Тафоҳумнома байни котиботи СҲШ ва Созмони ғизо ва кишоварзии СММ ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайати СҲШ шомил буда, Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон дар он мақоми нозир доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.